List of active policies
| Name | Type | User consent |
|---|---|---|
| Сиёсати махфият | Privacy policy | Authenticated users |
Summary
Истифодабаранда ба коркарди маълумоти шахсии худ розӣ аст. Ӯ озодона, бо иродаи худ ва ба манфиати худ амал намуда, чунин розигӣ медиҳад.
Full policy
Ба ин Созишнома ҳамроҳ шуда ва маълумоти худро дар сайти Миссияи Китоби Муқаддас (минбаъд Сайт номида мешавад) пешниҳод карда, майдонҳои бақайдгирии онлайнро пур карда, Истифодабаранда:
· тасдиқ мекунад, ки маълумоти шахсии пешниҳодкардааш аз они худи ӯст;
· эътироф ва тасдиқ мекунад, ки ин Созишнома ва шартҳо ва қоидаҳои коркарди маълумоти шахсии худро, ки дар майдонҳои бақайдгирии онлайн дар Сайт пешбинӣ шудаанд, бо диққат ва пурра хондааст;
· эътироф ва тасдиқ мекунад, ки ҳамаи муқаррароти ин Созишнома ва шартҳову қоидаҳои коркарди маълумоти шахсии худро мефаҳмад;
· ба коркарди маълумоти шахсии пешниҳодшуда аз ҷониби Сайт барои мақсадҳои бақайдгирӣ дар Сайт розӣ аст;
· ба шартҳо ва қоидаҳои коркарди маълумоти шахсӣ бе ягон шарт ё маҳдудият розӣ мешавад.
Истифодабаранда ба коркарди маълумоти шахсии худ розӣ аст. Ӯ озодона, бо иродаи худ ва ба манфиати худ амал намуда, чунин розигӣ медиҳад.
Розигии Истифодабаранда барои коркарди маълумоти шахсӣ конкретӣ, огоҳона ва бошуурона аст.
Ин розигии Истифодабаранда ба коркарди маълумоти шахсии зерин дахл дорад:
· фамилия, ном, номи падар;
· адрес;
· рақамҳои телефон;
· адреси почтаи электронӣ (E-mail).
Истифодабаранда ба Сайт ҳуқуқ медиҳад, ки бо маълумоти шахсӣ амалҳои зеринро ба ҷо оварад:
· ҷамъоварӣ ва тахзин;
· нигаҳдорӣ;
· тасҳеҳ (навсозӣ, тағйир додан);
· истифода барои мақсадҳои бақайдгирии Истифодабаранда дар Сайт;
Ин розигӣ аз лаҳзаи пешниҳоди маълумот бе муҳлат эътибор дорад, ва Шумо ба маъмурияти Сайт дархост пешниҳод намуда, онро бекор карда метавонед.
Розигиро ба коркарди маълумоти шахсӣ ин тавр бекор кардан мумкин аст: бо фиристодани супориши мувофиқ дар шакли хаттии оддӣ ба адреси почтаи электронии Bible Mission.