Печатать эту главуПечатать эту главу

Таванди таълим

Шароити техникӣ

Барои таҳсил дар мактаби мо Шумо бояд муттасил ба воситаи Интернет пайваст бошед. Пайвастшавии босуръат ҳатмӣ нест, зеро дарсҳо дар шакли китоб тартиб дода шудаанд. Барои воридшавӣ ба платформаи системавӣ дарси видеоӣ ҳаст, ҳамчунин дар баъзе курсҳо маводи видеоӣ ҳаст, ки барои дидани он пайвастшавии босуръат афзалият дорад.

Шароити маъмурӣ (административӣ)

Дар Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас ҳамаи касоне ки Китоби Муқаддасро омӯхтан мехоҳанд, таҳсил карда метавонанд: ходимони калисоҳо, роҳбарони ҷавонон, масеҳиёни "собиқадор" ё навимонон, ва низ шахсоне ки Худоро меҷӯянд. Ҳар касе ки таҳсил кардан мехоҳад, бояд аввал дар сомона ва баъд дар курси алоҳида, ки онро омӯхтан мехоҳад, аз қайд гузарад. Ҳангоми аз қайд гузаштан майдонҳое  ҳастанд, ки пур кардани онҳо ҳатмист – онҳо бо "ситорачаи сурх" - * ишора шудаанд.

Дар сомонаи мо аз қайд гузашта, Шумо барои истифодаи сирф шахсии маводи мо розигӣ медиҳед. Барои вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳуқуқи истифодаи курсҳои Китоби Муқаддас ба Миссияи Китоби Муқаддас аз ҷониби Донишгоҳи библиявии Мудӣ (Moody Bible Institute, USA) дода шудааст.