Оид ба мо
Таърихи мактаб
Хизматрасонии Мактаби Ғоибона дар давоми 20 соли охир – роҳи имон ва боварии пурра ба Худованд аст. Мақсади асосии Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас чунин аст: ба ҳар як хоҳишманд додани имконияти омӯхтани Китоби Муқаддас ва дар ҳаёти амалӣ истифода бурдани он.
Ҳангоме ки мо дар соли 1991 инкишоф додани мактабро сар кардем, боварӣ доштем, ки ин хости Худост. Ин моро рӯҳбаланд мекард ва ҷуръат медод қадамҳои имонро гузорем. Дар ихтиёри мо ҳамагӣ 5 курси Донишкадаи библиявии Мудӣ (ш.Чикаго) буд, версияи кӯҳнашуда ба забони русӣ, ва дигар ҳеҷ чиз. Аммо ин миқдори камро Худо ба таври фаровон баракат дод, ва он самари бисёр овард.
Дар соли 1991 дар ҳуҷраи хурди Миссияи Китоби Муқаддас мо панҷ курсро таҳрир намудем, ва тобистони соли 1992 дар шаҳри Алма-Ато (ҳозир ш.Алматӣ, Қазоқистон) мо аллакай садҳо донишҷӯён доштем. Дар давоми як сол миқдори донишҷӯён дар тамоми ҳудуди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ба 2000 нафар расид. Мо ба филиали дуюм эҳтиёҷ доштем, ки он дар соли 1993 дар шаҳри Омск кушода шуд. Аз соли 1993 то 1997 солҳои инкишофи босуръати Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас буданд. Ба панҷ курси мавҷуда боз 10 курси аз англисӣ тарҷумашуда илова гардиданд. Боз се филиал кушода шуданд: соли 1995 дар Киев, соли 1995 дар Минск ва соли 1997 дар Москва. Акнун зиёда аз 7000 донишҷӯён дар як вақт имкон доштанд Навиштаи Муқаддасро омӯзанд. Дар ин муддат мо дасти пурбаракати Худоро медидем. Агарчи доимо гирифтори мушкилоти молиявӣ мешудем, мо шоҳидони вафодории Худо будем, зеро Худо ҳамеша дар вақташ чизҳои заруритаринро мефиристод.
Дар давраи аз соли 1998 то 2001 18 курси нав илова карда шуданд. Ҳамаи онҳоро Донишкадаи библиявии Мудӣ пешкаш намуда буд.
Таърихи Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас 1901: Чикаго ( Донишкадаи библиявии Мудӣ )
1992: ш. Алматӣ (курсҳои Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас ба забони русӣ)
1993-1997: Омск, Москва, Киев, Минск
2001-2003:Қирғизистон,Ӯзбекистон
Ибтидои тарҷума ба забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қарақалпоқӣ.
2004-2005: Олмон ( Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас дар Аврупои Ғарбӣ), Тоҷикистон
2004: Курси "Ҳаёти Исои Масеҳ" дар Интернет
2010: Туркманистон, Молдова
Миқдори умумии донишҷӯён аз соли 1992: 41 000
|
2002-2005: Ба воситаи бисёр имкониятҳои башоратдиҳӣ ва омӯзиш дар шогирдӣ, Худо моро ба қадамҳои минбаъдаи имон даъват намуд. Мо тарҷумаи 5 курси Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддасро ба забонҳои Осиёи Марказӣ: қирғизӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қарақалпоқӣ сар кардем. Сипас филиалҳо кушода шуданд – соли 2001 дар Қирғизистон, соли 2003 дар Ӯзбекистон, соли 2004 дар Олмон (барои русзабонон дар Аврупо), соли 2005 дар Тоҷикистон.
Аз соли 2004 аҳолии русзабони 42 кишвар дар Интернет аз қайд гузаштанд, то ки онлайн курси "Ҳаёти Исои Масеҳ"-ро омӯзанд.
2006-2011: Тирамоҳи соли 2010 боз як шӯъба дар Туркманистон кушода шуд. 12 курс аллакай ба забони туркманӣ пешкаш карда мешаванд ва ду курс дар марҳалаи тайёршавӣ мебошанд. Дар соли 2010 филиал дар Молдова кушода шуд. Ҳоло дар он ҷо зиёд аз 10 китоби дарсӣ ба забони руминӣ пешкаш карда мешавад. Тарҷумаи курсҳои Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас давом дорад, ва ҳозир дар болои зиёда аз 50 курс кор бурда мешавад.
Ҳозир мо чӣ гуна натиҷаҳоро мебинем? Зиёда аз 41 000 кас , бо истифодаи камаш як курс аз 35-то, имкон доштанд Каломи Худоро омӯзанд. Курсҳо ба 9 забон пешкаш карда мешаванд: русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, қарақалпоқӣ, руминӣ ва немисӣ (дар вақтҳои наздик). Маводи таълимӣ дар хизматгузориҳои гуногун истифода мешавад: башоратдиҳӣ, шогирдӣ, омӯзондани ходимон, дар тайёрӣ ба мавъиза, омӯзиши Китоби Муқаддас дар гурӯҳҳо, мактаби якшанбегӣ ва ғайра. Намояндагони зиёда аз 30 миллат, шахсони ихтисосҳояшон гуногун, мақоми иҷтимоӣ ва синну солашон гуногун донишҷӯёни Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас мебошанд. Дар кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ва берун аз ҳудуди он онҳо имкон доранд аз рӯи ҷадвали мувофиқ, суръати инфиродӣ ва новобаста ба маҳалли ҷуғрофӣ Каломи Худоро омӯзанд. Мо чунин меҳисобем, ки ин натиҷаҳо баракати зиёди Худо мебошанд.