Таванди таълим
Таванди таълим
Сайт: | Заочная Библейская школа |
Курс: | Заочная Библейская школа |
Книга: | Таванди таълим |
Напечатано:: | |
Дата: | Среда, 11 Декабрь 2024, 13:59 |
Донишҷӯёни азиз!
Шуморо бо муҳаббати Худовандамон Исои Масеҳ шодбош мегӯям!
Аз номи Донишкадаи библиявии Мудӣ мехоҳам шуморо бо ибтидои омӯзиш дар Мактаби Интернетии Китоби Муқаддас табрик гӯям.
Донишкадаи библиявии Мудӣ бо хизматгузорӣ ба Исои Масеҳ, бо масъулиятшиносӣ дар назди Калисои Ӯ ва бо ёрие ки ба одамон дар омӯзиши Китоби Муқаддас мерасонад, маълум ва машҳур аст.
Мо махсусан аз ҳамкорӣ бо Миссияи Китоби Муқаддас, ки дар назди худ ҳамин гуна вазифаро мегузорад, шод ҳастем. Мо ният дорем шуморо, ки оиди Худо ба воситаи Каломи Ӯ дониши амиқ пайдо намудан мехоҳед, дар якҷоягӣ дастгирӣ намоем.
Кушода шудани ин курсҳо ба шарофати дуоҳои бисёр касон, ва на танҳо ҳамкорони мо, балки ҳамчунин касоне ки ин хизматгузориро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамоянд, имконпазир гардиданд. Ва мо умедворем, ки омӯзиш ба шумо баракати бисёр хоҳад овард.
Бо муҳаббат дар Масеҳ
Ҷозеф М.Стоуэл,
Президенти Донишкадаи библиявии Мудӣ
Донишҷӯёни азиз!
Омӯхтани китоби нотакрор – Библия – имтиёзи махсус аст. Нотакрор – барои он ки Худо дар он хости Худ ва нақшаи Худро нисбати инсон ошкор менамояд. Имтиёз – барои он ки чунин имкониятро на ҳама доранд. Шумо омӯхтанро ихтиёр намуда, интихоби дуруст намудед. Ҳамаи кормандони Миссияи Китоби Муқаддас дуо мегӯянд, ки шумо ба омӯзиши Каломи Худо ғӯтавар шуда, дар маърифати Худо, дар фурӯтанӣ ва хоҳиши ба дигарон расондани Хушхабар нашъунамо ёбед.
Мехоҳам ба Донишкадаи библиявии Мудӣ дар Чикаго барои пешкаш намудани маводи таълимӣ миннатдорӣ баён намоям. Ҳамчунин мехоҳам ба ҳамаи онҳое ки барои ба шумо дастрас шудани ин маводи таълим кӯшишҳо намудаанд, сипосгузории худро изҳор намоям.
Бигузор Худо шуморо дар омӯзиши Каломи Ӯ баракат диҳад.
Бо таманниёти самимӣ
Павел Гагельганс
© by The Moody Bible Institute of Chicago
© нашри русӣ: Миссияи Китоби Муқаддас
© Bibel-Mission e.V. / SEV fur die russiche Ausgabe
© Bibel-Mission e.V., Postfach 1130, 63842 Niedernberg, Germany
Номгӯи ҳамаи курсҳо
Китоби Муқаддас мегӯяд
Номи модулҳо | Номи курсҳо |
Асосҳои имон | Қадамҳои аввалин дар имони масеҳӣ |
Доктринаҳои Китоби Муқаддас | |
Хушхабар | |
Китоби Муқаддас мегӯяд | |
Ҳаёти Масеҳ ва Калисои Ӯ | Ҳаёти Исои Масеҳ |
Инҷили Матто | |
Инҷили Юҳанно | |
Аъмоли Ҳаввориён | |
Китоби Ваҳй | |
Масеҳияти амалӣ | Ҳаёт дар муқаддасӣ |
Хости Худо барои ҳаёти ту | |
Принсипҳои башоратдиҳии бомуваффақият | |
Бонатиҷа таълим додан | |
Шогирдонро чӣ гуна фаҳмидан лозим аст | |
Фирқаҳои динӣ | |
Муқаддима ба Китоби Муқаддас | Бознигарии Аҳди Қадим. Қисми 1 |
Бознигарии Аҳди Қадим. Қисми 2 | |
Бознигарии Аҳди Ҷадид. Қисми 3 | |
Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас | |
Китобҳои аҳди Қадим | Ҳастӣ |
Хуруҷ | |
Еҳушаъ ибни Нун | |
Китобҳои Доварон ва Рут | |
Забур | |
Масалҳо | |
Ишаъё | |
Китоби Дониёл | |
Номаҳои Аҳди Ҷадид | Номаи Яъқуб |
Номаҳои Петрус | |
Нома ба Румиён | |
Номаи 1-ум ба Қӯринтиён | |
Нома ва Ғалотиён | |
Нома ба Эфесусиён | |
Номаҳо ба Тасолӯникиён | |
Нома ба Ибриён | |
Шароити техникӣ
Барои таҳсил дар мактаби мо Шумо бояд муттасил ба воситаи Интернет пайваст бошед. Пайвастшавии босуръат ҳатмӣ нест, зеро дарсҳо дар шакли китоб тартиб дода шудаанд. Барои воридшавӣ ба платформаи системавӣ дарси видеоӣ ҳаст, ҳамчунин дар баъзе курсҳо маводи видеоӣ ҳаст, ки барои дидани он пайвастшавии босуръат афзалият дорад.
Шароити маъмурӣ (административӣ)
Дар Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас ҳамаи касоне ки Китоби Муқаддасро омӯхтан мехоҳанд, таҳсил карда метавонанд: ходимони калисоҳо, роҳбарони ҷавонон, масеҳиёни "собиқадор" ё навимонон, ва низ шахсоне ки Худоро меҷӯянд. Ҳар касе ки таҳсил кардан мехоҳад, бояд аввал дар сомона ва баъд дар курси алоҳида, ки онро омӯхтан мехоҳад, аз қайд гузарад. Ҳангоми аз қайд гузаштан майдонҳое ҳастанд, ки пур кардани онҳо ҳатмист – онҳо бо "ситорачаи сурх" - * ишора шудаанд.
Дар сомонаи мо аз қайд гузашта, Шумо барои истифодаи сирф шахсии маводи мо розигӣ медиҳед. Барои вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳуқуқи истифодаи курсҳои Китоби Муқаддас ба Миссияи Китоби Муқаддас аз ҷониби Донишгоҳи библиявии Мудӣ (Moody Bible Institute, USA) дода шудааст.
Қоидаҳои мактаб
Донишҷӯён бояд:
- қоидаҳои додашудаи мактабро риоя намоянд;
- нуқтаи назар ва ақидаҳои донишҷӯёни дигарро эҳтиром намоянд;
- дар байни атрофиён ба Масеҳ тақлид намуда, рафтор намоянд;
- дар давоми се моҳ курси додашударо ба анҷом расонанд.
Донишҷӯён набояд:
- дар форум, дар чат ё ҳангоми муоширати шахсӣ бо дигар иштирокчиёни курс изҳороти таҳқиромез ё дағалонаро истифода баранд;
- ҳуқуқи муаллифиро вайрон кунанд, маводи курсҳоро ғайриқонунӣ паҳн кунанд ё дигаргун намоянд;
Вобаста ба навъи вайронкунии ин қоидаҳо ба донишҷӯ огоҳӣ дода мешавад ё ки ӯ аз мактаб хориҷ карда мешавад.
Агар донишҷӯ дар давоми 60 рӯз фаъолият нишон надиҳад, ба таври автоматӣ аз курс хориҷ карда мешавад.
Арзиши таълим
Хизматрасонии Мактаби Ғоибонаи Китоби Муқаддас хароҷоти зиёди молиявиро металабад. Мактаб ҳозир фақат аз ҳисоби хайроти (маблағҷудокуниҳои) ихтиёрӣ фаъолият дорад, ки ин барои омӯзиши ҳар як шахси хоҳишманд имкон медиҳад. Миссияи Китоби Муқаддас барои омӯзиши як донишҷӯ дар як курс ба ҳисоби миёна 30 евро сарф мекунад.
Мо аз ҳамаи касоне ки вобаста ба имкониятҳои молиявии худ хайрот мекунанд (маблағ ҷудо мекунанд), хеле миннатдор мешавем.
Обслуживание Заочной Библейской Школы требует больших финансовых затрат. Школа на данный момент существует исключительно за счет добровольных пожертвований, что даёт возможность учиться каждому желающему. Обучение одного студента на одном курсе обходится Библейской миссии в среднем 30 евро.
Мы будем очень благодарны всем тем, кто будет жертвовать в зависимости от своих материальных возможностей.
Вақти омӯзиши курс
Ба ҳисоби миёна барои омӯзиши дарс як ҳафта ҷудо карда мешавад. Мо донишҷӯро даъват менамоем, ки шитоб накунад, балки матнҳои Навиштаи Муқаддасро, ки замима шудаанд, бо диққат дида баромада, ҳар як дарсро то ҳадди имкон ботафсил омӯзад. Дар ҳар ҳолат ҳар як донишҷӯ графики худро худаш тартиб медиҳад, вобаста ба он ки ӯ дар як ҳафта чӣ қадар вақтро ба омӯзиш бахшида метавонад.
Иҷрои имтиҳонҳо
Дар ҳар як дарс, пас аз маводи матнӣ, имтиҳонҳо ҷойгир када шудаанд, ки онҳоро иҷро кардан лозим аст.
Муҳим аст! Боварӣ ҳосил намоед, ки маводи дарсро медонед ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода метавонед, ва танҳо пас аз он ба иҷрои имтиҳон сар кунед. Ҳангоми иҷрои имтиҳон Шумо набояд ба маводи таълимӣ нигоҳ кунед.
Ҳамаи супоришҳои имтиҳонро иҷро карда, "Фиристодани ҳама чиз ва тамом кардани матн"-ро зер кунед. Пас аз ин дар экрани наздатон натиҷаҳои имтиҳони шумо пайдо мешаванд. Агар имтиҳон "Эссе" барин супориш дошта бошад, баҳои онро он гоҳ мефаҳмед, ки дастурдиҳанда ҷавоби шуморо баҳо медиҳад.
Имтиҳон аз якчанд қисмҳо иборат буда метавонад:
Қисми якум изҳоротеро дар бар мегирад, ки бо онҳо бояд ё розӣ шавед, ё розӣ нашавед – барои ин бояд дар менюи пайдошаванда "дуруст" ё "нодуруст"-ро интихоб намоед.
Қисми дуюм аз саволҳое иборат аст, ки як ё якчанд ҷавобро дар назар доранд, ки аз рӯйхати пешкашгардида интихоб кардан лозим аст.
Қисми сеюм саволҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо мувофиқатро байни ду сутун ёфтан лозим аст (масалан, ёфтани он ки матни оят дар куҷои Навиштаи Муқаддас ҷойгир аст).
Қисми чорум матнро бо равзанаҳои холӣ дар бар мегирад, ки дар онҳо калима ё ибораи мувофиқро аз менюи пайдошаванда ҷойгир кардан лозим аст.
Қисми панҷум супориши эҷодиро (эссе) дар бар гирифта метавонад, ки дар он шумо бояд мустақилона ҷавоби мухтасари иборат аз якчанд ҷумларо нависед.
Тамоми супоришро иҷро карда ва имтиҳонро фиристода, шумо метавонед дарҳол натиҷаи онро бинед, зеро ҳамаи супоришҳоро, ғайр аз эссе, компютер баҳо медиҳад. Баҳо ба тафсири эссеро шумо дертар, ҳангоме ки дастурдиҳандаатон онро хонда, баҳо медиҳад, дида метавонед.
Баҳодиҳии кори донишҷӯ
Баҳои умумии курс аз баҳоҳо барои ҳамаи дарсҳои гузаштагӣ бароварда мешавад. Холи камтарини гузариш 69 хол аст (С).
Холи гузариши дарс 61 хол аст (E).
Баҳодиҳии имтиҳон автоматӣ гузаронда мешавад, бинобар ин натиҷаҳои худро шумо дарҳол пас аз анҷом додани имтиҳон дида метавонед.
Дар зер ҷадвали баҳодиҳӣ оварда шудааст:
Баллы | Оценка |
100 - 93 | А |
92 - 85 | В |
84 - 77 | С |
76 - 69 | D |
68 - 61 | E |
60 - 0 | F |