Пешгуфтор
Мо боварӣ дорем, ки ҳар шубони аз ҷониби Худо таъйиншуда ба рамае ки Худо ба ӯ супоридааст, ғамхорӣ мекунад. Шубон масъулияти ҷиддӣ дорад, ки рамаро бо хӯроки рӯҳонии босифат ғизо диҳад. Мо бо калисоҳо, барои калисоҳо ва ба воситаи калисоҳо хизмат мекунем ва аз ин рӯ ба ходимони калисо ва роҳбарони ҷавонон маводи сифатнокро барои омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод менамоем. Шубон рамаро ба дигарон намесупорад ё тарк намекунад, то "бе чӯпон саргардон" шаванд, балки шахсан нигоҳубин карда, обод менамояд.
Курсҳои омӯзишии хуб таҳияшуда ба шубон дар ин самтҳо ёрӣ мерасонанд:
- Ташкил кардани омӯзиши ҳамаҷонибаи Каломи Худо барои аъзоёни калисо. Омӯзиш ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти масеҳиро фаро мегирад. Ин онҳоро аз таълимоти бардурӯғ ҳимоя мекунад ва дар Навишта устувор мегардонад.
- Нишон додани татбиқи амалии Калом, то аъзоёни калисо на танҳо ҳақиқатҳои Навиштаро донанд, балки мувофиқи ин дониш зиндагӣ кунанд ва фаҳманд, ки чӣ гуна ин ё он ҳақиқатро дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ кунанд.
- Муҷаҳҳаз кардани аъзоёни калисо барои хизмат, то онҳо дар кор барои Худованд фаъол бошанд. То мардуми махсус бошанд, ки барои корҳои нек ғайратманданд.
Ин платформа чӣ гуна ба шубон ва калисо ёрӣ мерасонад? fa fa-long-arrow-right