Раванди омӯзиши гурӯҳӣ бо истифодаи абзорҳои платформаи таълимии Миссияи Китоби Муқаддас Мактаби онлайни Китоби Муқаддас чӣ гуна кор мекунад?

 



Абзорҳои платформаи омӯзишии мо ба шумо имкон медиҳанд, ки:

 
  1. Курсро интихоб кунед ва гурӯҳи омӯзишиеро таъсис диҳед, ки аз одамони ба омӯзиш даъваткардаатон иборат аст; 
  2. Давомот ва суръати омӯзиши ҳар як узви гурӯҳи худро назорат кунед; 
  3. Бо гурӯҳи худ мукотиба карда, онҳоро водор намоед, ки бо суръати барои шумо даркорӣ таҳсил кунанд; 
  4. Форуми пӯшида (муҳокима) ташкил кунед, саволҳоро барои муҳокима тартиб диҳед ва гурӯҳро ба муҳокима дар мавзӯи пешниҳодкардаи худ ҷалб кунед; 
  5. Бо салоҳдиди худ ба гурӯҳ супоришҳои иловагиро барои омӯзиши амиқтар диҳед; 
  6. Дар гурӯҳи худ вебинарҳо (конфронсҳои онлайн) баргузор кунед, ки маводи омӯхташударо муҳокима кунед (ҳозир мо дар самти имкониятҳои техникӣ кор карда истодаем).



Чаро ин абзорҳо муҳиманд?

 

Мо аҳамияти омӯзиши Каломи Худоро дарк мекунем ва вазифаи худро дар он мебинем, ки ба одамон дар шинохтани Худо ба воситаи Каломи Ӯ ёрӣ расонем. Абзорҳои мактаб ба роҳбар ёрӣ мерасонанд, ки аъзоёни гурӯҳро дар омӯзиши Навишта рӯҳбаланд ва роҳнамоӣ кунанд. Ғайр аз ин, ак андоза назорат ва ҳисоботдиҳандагӣ масеҳиёнро ба бодиққатӣ ва масъулиятшиносии бештар ташвиқ мекунанд.



Бартариҳои омӯзиш дар платформаи омӯзишии Миссияи Китоби Муқаддас Мактаби онлайни Китоби Муқаддас:

 
  • маводи сифатноки библиявӣ;
  • платформаи таълимии хуб тайёр кардашуда;
  • шубон барои тайёр кардан ва роҳбарии гурӯҳ вақт ва кӯшиши кам сарф мекунад;
  • шавқмандии ҷавонон ба шаклҳои нави омӯзиш;
  • имконияти ҷалб намудани касоне ки вақти зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд;
  • имконияти ҷалб намудани касоне ки барои иштирок дар гурӯҳҳои хурди омӯзиши Китоби Муқаддас вақт надоранд.


Корро бо гурӯҳ дар платформа чӣ гуна сар кардан мумкин аст?   fa fa-long-arrow-right