Таърихи мактаб

 

Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта мо корро ҳамчун Мактаби ғоибонаи Миссияи Китоби Муқаддас сар кардем. Мақсади асосии мо ин буд: ба ҳама додани имконияти омӯзиши Китоби Муқаддас ва дар ҳаёти амалӣ татбиқ намудани он.

Дар соли 1991 мо панҷ курсро таҳрир карда, барои нашр тайёр намудем. То тобистони соли 1992 аллакай садҳо касон, ва як сол пас зиёда аз 2000 кас дар ин курсҳо иштирок мекарданд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши Каломи Худо зиёд буд!

В 1997 году уже более 7 тысяч человек изучали Священное Писание.

То соли 2001 мо 18 курсро, ки Институти Китоби Муқаддаси Мудӣ онҳоро пешкаш намуд, барои омӯзиш пешниҳод мекардем. Ҳамон вақт мо ҳамчунин ба забонҳои Осиёи Марказӣ: қирғизӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, узбекӣ, қароқалпоқӣ ва туркманӣ тарҷума намудани курсҳоро сар кардем.

Дар соли 2005 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи калони башоратӣ мо курси "Қадамҳои аввалин дар имони масеҳӣ"-ро тайёр кардем. Ҳамон сол зиёда аз 5000 кас ба мо мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки ин курсро фиристем.

Аз соли 2010 мо тарҷумаи курсҳоро ба забонҳои руминӣ, украинӣ ва олмонӣ сар кардем. Дар давоми солҳои хизмати Миссияи Китоби Муқаддас зиёда аз 63 000 кас бо мо тамос гирифта, хоҳиши омӯхтани Китоби Муқаддасро изҳор намуданд.

Ҳозир чун платформаи Миссияи Китоби Муқаддас барои омӯзиши Китоби Муқаддас мо хизматро ҳам офлайн ва ҳам онлайн ба ҷо меоварем. Мо зиёда аз 30 курси омӯзиши Китоби Муқаддасро ба 9 забон пешниҳод мекунем. Дар давоми кори худ мо ба таври возеҳ дидем, ки Худованд кори худро анҷом медиҳад, ва иштирок дар ин кор барои мо шараф аст!

Шумо суратҳоро аз таърихи мактаби Китоби Муқаддас аз назар гузаронда метавонед:

Ҳафт курси аввали Миссияи Китоби Муқаддас Мактаби ғоибонаи Китоби Муқаддас (1995)

Лидия Семёновна, корманди шуъбаи почтаи Mиссияи КМ (1995). Вай робитаро ба 5000 донишҷӯ аз саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин мекард.

Шӯъбаи таълимии Mиссияи КМ (Алмаато, 1994)

Инструктори МКМ (Москва, 1997)

Донишҷӯи МКМ (1997)

Пешниҳоди китобҳои дарсӣ (Алмаато, 2015)

Инструктори МКМ (Бишкек, Қирғизистон, 2014)

Вохӯрии донишҷӯёни МКМ дар Омск, Русия, 2007

Мо ба чӣ бовар дорем?   fa fa-long-arrow-right