Мо бовар дорем
Мо бовар дорем, ки тамоми Навишта аз рӯи илҳоми худи Худо навишта шудааст ва комил, кофӣ буда, эътиборнокии олӣ ва бебаҳс дорад.
Мо ба як Худои ҳақиқӣ ва абадӣ имон дорем, ки дар се шахсият (Падар, Писар ва Рӯҳулқудс) вуҷуд дорад.
Мо ба Исои Масеҳ имон дорем, ки Худои абадӣ буда, ба воситаи ҳомилашавии беайби модараш Одами ҳақиқӣ шуд, дар рӯи замин ҳаёти бегуноҳ ба сар бурд, ҷони худро дар салиби Ҷолҷолто ҳамчун қурбонии ивазкунандаи писандидаи Худо дод, дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шуд, дар ҷисми нав ба осмон боло рафт ва ҳоло ҳамчун Шафоатгари мо аз тарафи дасти рости Худо нишастааст.
Мо ба Рӯҳулқудс имон дорем, ки одамонро дар гуноҳҳояшон маҳкум мекунад, ба имони ҳақиқӣ роҳнамоӣ мекунад ва дар онҳо таваллуди дубораро ба амал меоварад. Ӯ онҳоро дар бадани Масеҳ ҷойгир мекунад, муҳр мезанад, муқаддас мегардонад ва дар онҳо зиндагӣ мекунад, онҳоро ба хизмати махсус даъват мекунад ва мефиристад.
Мо бовар дорем, ки Худо одамро ба сурати Худ офаридааст, ва одам бошуурона бар зидди Худо гуноҳ карда, худ ва насли худро ба марги ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ маҳкум намуд.
Мо бовар дорем, ки одам бо кӯшишҳои худ наҷот ёфта наметавонад, балки фақат ба воситаи имон ба Исои Масеҳ, ки дар салиб ҳамчун кафорат барои гуноҳҳои мо мурд, наҷот меёбад.
Мо бовар дорем, ки калисои маҳаллии библиявӣ мунтазам барои мушоракат, омӯзиши Каломи Худо, дуо ва ибодати якҷоя, тақвият дар имон ва ёрӣ ба якдигар ҷамъ мешавад.
Мо бовар дорем, ки таъмиди обӣ рамзи наҷот ба воситаи имон аст. Таъмид бо ғӯтаи пурра дар об анҷом дода мешавад.
Мо бовар дорем, ки Шомхӯрии Худовандӣ (шикастани нон) рамзи қурбонии кафораткунандаи Исои Масеҳ буда, азобҳову марги Ӯ ва бахшида шудани моро ёдрас мекунад.
Мо бовар дорем, ки ҳамаи имондорони ҳақиқӣ ба осмон рабуда мешаванд ва дар назди тахти Исои Масеҳ дар бораи умеди худ ҳисобот дода, дар он ҷо мувофиқи амалҳои худ мукофот мегиранд.
Мо ба лаънати абадӣ барои беимонон дар дӯзах, ки аз он бозгаште нест, бовар дорем.