Доктринаҳои Китоби Муқаддас
Дар ин курс 10 пункти асосии таълимоти масеҳӣ аз назар гузаронда шудаанд. Ҳам мафҳумҳои оддитарин, ҳам ақидаҳои илиҳиётӣ оид ба доктринаҳои Навиштаи Муқаддас баён карда шудаанд. Ин курс омӯзиши бодиққат ва бешитобро металабад. Онро масеҳиёни навимон, масеҳиёни собиқадор ва касоне ки нав омӯхтани таълимоти масеҳиро сар кардаанд, омӯхта метавонанд.
Ҳаёти Исои Масеҳ
Исои Масеҳ Шахсияти ҳайратовартарин дар таърих аст. Таълимоти ӯ ҳаёти миллионҳо нафарро дигаргун кардаааст. Омӯзиши муфассали ҳаёти Наҷотдиҳанда масеҳиёнро ба шодӣ ва хизмати фидокорона илҳом мебахшад. Ҳатто агар шумо худро пайрави Масеҳ наҳисобед ҳам, шиносоӣ бо ҳаёти Ӯ шуморо ба қабули қарори муҳим таҳрик медиҳад.
Китоби Ҳастӣ
Китоби Ҳастӣ – нақл аз ҷониби худи Офаридгор дар бораи пайдоиши коинот ва одам аст! Шумо дар бораи гуноҳи аввалин ва таъсири харобиовари он ба офариниш маълумот пайдо мекунед. Дар ин китоб бори аввал нақшаи илоҳии наҷот зикр шудааст. Омӯзиши китоби якуми Китоби Муқаддас дар бораи ҷаҳоне ки мо дар он зиндагӣ мекунем, дониши бунёдиро медиҳад.
Инҷили Юҳанно
Мақсади навиштани Инҷил дар ин суханон ифода ёфтааст: «Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост, ва имон оварда, ба номи Ӯ ҳаёт ёбед» (Юҳ. 20:31). Ҳавворӣ Юҳанно тарҷумаи ҳоли Масеҳро бо мақсадҳои башоратдиҳӣ ва апологетӣ тартиб додааст. Ин курс ба шумо ёрӣ мерасонад, ки инро бинед ва фаҳмед.
Қадамҳои аввалин
Ин курс барои онҳоест, ки ҳанӯз ҳам Худоро меҷӯянд ё дар имони масеҳӣ танҳо қадамҳои аввалин мегузоранд. Шумо принсипҳои асосии имони масеҳиро меомӯзед ва дар бораи тарзи пайравӣ ба Масеҳ маслиҳатҳои амалӣ мегиред. Мо ба ҳамаи касоне ки акнун бо масеҳият шиносоӣ пайдо кардаанд, тавсия медиҳем, ки маҳз аз ҳамин курс сар кунанд.