Масеҳияти амалӣ

 
 

Азёд кардани Навиштаи Муқаддас

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Мақсади ин курс нишон додани он аст, ки чӣ гуна Каломи Худо калиди муҳиме барои масъалаҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи масеҳӣ буда метавонад. Он мавзӯъҳоеро ба монанди вақти оромӣ, шаҳодат додан дар бораи Масеҳ, паси сар кардани васвасаҳо ва ёрӣ ба дигар имондорон дар бар мегирад. Он ҳамчунин дастури амалиро барои азёд кардани порчаҳои матн аз Китоби Муқаддас дар бар мегирад.

 

Башоратдиҳии амалӣ

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Башоратдиҳии амалӣ Ин курс масъалаҳои асосии башоратдиҳиро меомӯзад. Мо дар бораи фаҳмиши амиқи ҳаёт ва хизмати башоратдиҳанда, мушкилоти асосии башоратдиҳандаҳо ва роҳҳои бартараф кардани онҳо сухан меронем. Шумо ҳам барои башоратдиҳии шахсӣ ва ҳам барои ташкили башоратдиҳӣ дар калисо маслиҳатҳои амалиро меёбед.

 

Хости Худо барои ҳаёти ту

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Ин курс барои фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки масеҳӣ бояд чӣ гуна зиндагӣ кунад ва кадом принсипҳоро риоя кунад, то ҳаёти ӯ ба хости Худо, ки дар Китоби Муқаддас ошкор шудааст, мувофиқи бошад. Шумо метавонед амалияи ҳаррӯзаи худро таҳлил кунед ва роҳи худро ба сӯи муайян кардани хости Худо сар кунед. Донише ки ба даст меоваред, дар ҳаёти ҳаррӯзаатон чун роҳнамо хизмат хоҳад кард.

 

Принсипҳои башоратдиҳии бомуваффақият

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Башоратдиҳии шахсӣ хизмати муҳими масеҳӣ буда, барои ҳамаи имондорон дастрас аст. Масеҳиён ба башоратдиҳӣ даъват шудаанд! Дар ин бора бисёр сухан мегӯянд, аммо дар амал кам истифода мебаранд. Ва онҳое, ки башорат додаанд ва ноком шудаанд, бисёр вақт ноумед мешаванд ва ин хизматро тарк мекунанд. Ин курс шуморо ба башоратдиҳии шахсӣ илҳом мебахшад ва дар тайёрӣ ба он ёрӣ мерасонад.

 

Зиндагии муқаддас ба сар бурдан

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Зиндагии муқаддас яке аз мавзӯъҳои мураккабтарин, аммо муҳимтарини Китоби Муқаддас аст. Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки муқаддасии масеҳӣ барои онҳо дастрас нест, аммо Худованд масеҳиёнро даъват кардааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман қуддус ҳастам» (1 Пет. 1:16). Бе зиндагии муқаддас пайравӣ ба Худованд ғайриимкон аст. Ин курс асосҳои зиндагии муқаддаси масеҳиро ёд медиҳад.

 

Фирқаҳо, Қисми 1

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Қисми аввали курс муқаддима ба мавзӯъ, мафҳумҳои асосӣ ва хусусиятҳои хоси фирқаҳоро дар бар мегирад. Курс дар бораи таърих ва таълимоти фирқаҳои псевдомасеҳӣ: Шоҳидони Яҳува, Калисои православии Модари Худо, Калисои Исои Масеҳи муқаддасони рӯзҳои охирин (Мормонҳо) маълумот медиҳад. Шумо ҳамчунин шарҳи библиявии таълимотҳои ин фирқаҳоро меёбед.

 

Фирқаҳо, Қисми 2

Категория курсаМасеҳияти амалӣ

Қисми дуюми курс таърих ва таълимоти фирқаҳои шарқиро дар бар мегирад: Ҷамъияти шуури Кришна, Ошо Раҷниш; мазҳабҳои омехта (синкретӣ): Калисои Баҳоӣ, Калисои ваҳдат, Калисои Аҳди Охирин ва неопаганизм; ва фирқаҳои симиёӣ: Ҷамъияти Теософӣ. Шумо шарҳи библиявии таълимотҳои ин фирқаҳоро аз рӯи Китоби Муқаддас меёбед. Фақат мавзӯъҳои бароятон муҳимро омӯхта, курсро ҳамчун феҳристи маълумотҳо истифода бурдан мумкин аст.