Китобҳои Аҳди Қадим

 
 

Ҳастӣ

Категория курсаКитобҳои Аҳди Қадим

Китоби Ҳастӣ – нақл аз ҷониби худи Офаридгор дар бораи пайдоиши коинот ва одам аст! Шумо дар бораи гуноҳи аввалин ва таъсири харобиовари он ба офариниш маълумот пайдо мекунед. Дар ин китоб бори аввал нақшаи илоҳии наҷот зикр шудааст. Омӯзиши китоби якуми Китоби Муқаддас дар бораи ҷаҳоне ки мо дар он зиндагӣ мекунем, дониши бунёдиро медиҳад.

 

Хуруҷ

Категория курсаКитобҳои Аҳди Қадим

Мавзӯи иҷрои ваъдаи Худо дар бораи Наҷотдиҳандае ки бояд ба замин ояд, дар тамоми аз Аҳди Қадим ҳаст. Наҷотдиҳанда бояд маҳз ба воситаи халқи Исроил меомад. Мақсади китоби Хуруҷ нишон додани он аст, ки чӣ тавр исроилиён ба халқи озод табдил ёфтанд, шариати Худо ва дастурҳоро оид ба хаймаи ҷомеъ ва коҳинон гирифтанд.

 

Забур

Категория курсаКитобҳои Аҳди Қадим

Китоби Забур китоби илҳомбахши эҳсосот, дуоҳо ва ситоиш аст. Он аксуламали дили инсонро ба вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ инъикос мекунад, орзуву умедҳои халқи Худоро дар лаҳзаҳои гуногуни таърихи он равшан инъикос мекунад. Фарзандони Худо ҳамеша метавонистанд худро дар таронаҳои Забур бинанд ва суханони онро ба он чи худашон аз сар мегузаронданд, нисбат дода, таронаҳоро такрор кунанд.

 

Масалҳо

Категория курсаКитобҳои Аҳди Қадим

Масалҳои Сулаймон на аз боис ҳикмати инсонӣ, ки ҳатто беимонон низ иқтибос меоваранд, арзишманданд. Онҳо ваҳйҳои Худо ба одамон мебошанд, ки бо илҳоми илоҳӣ навишта шудаанд. Китоби Муқаддас бевосита ба манбаи ҳикмати Сулаймон ишора мекунад. Дар масалҳо шумо ҷавобҳоро ба саволҳои душвортарине ки одамон дар ҷаҳони ҳозира бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, меёбед. Арзишнокии онҳо маҳз дар асли пайдоиши илоҳии онҳост.