Оид ба мо

Эътирофи имон

Мо имон дорем, ки тамоми Навишта Каломи дорои илҳоми Худи Худо, комил, кифоякунанда буда, эътибири олӣ, баҳснопазир дорад.

Мо ба Худои ягонаи ҳақиқӣ, абадӣ имон дорем, ки дар се шахсият вуҷуд дорад (Падар, Писар ва Рӯҳулқудс).

Мо ба Исои Масеҳ, Худои абадӣ имон дорем , ки ба воситаи дар батни модар беайб пайдо шудан Инсони ҳақиқӣ шуд, дар замин ҳаёти бегуноҳ ба сар бурд, дар салиби Ҷолҷолто ҳаёти Худро ҳамчун Қурбонии ивазкунанда ва писандидаи Худо дод, дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шуд, ва дар ҷисми нав ба осмон рафт ва ҳоло дар тарафи дасти рости Худо буда, барои мо шафоат (миёнаравӣ) мекунад.

Мо ба Рӯҳулқудс имон дорем , ки одамонро дар гуноҳҳояшон мазаммат мекунад, ба имони ҳақиқӣ ҳидоят менамояд ва дар онҳо таваллуди дубораро ба амал меоварад. Ӯ онҳоро ба бадани Масеҳ ҷойгир мекунад, мӯҳр мезанад, тақдис менамояд ва дар онҳо зиндагӣ карда, онҳоро ба хизмати махсус даъват мекунад ва равона менамояд.

Мо имон дорем, ки Худо инсонро ба сурат ва шабоҳати Худ офарид, ва инсон бошуурона зидди Худо гуноҳ кард, ва дар натиҷа боиси марги ҷисмонӣ ва рӯҳонии худ ва авлодони худ гардид.

Мо имон дорем, ки инсон бо кӯшишҳои худ наҷот ёфта наметавонад, балки танҳо бо имон ба Исои Масеҳ, ки дар салиб барои кафорати гуноҳҳои мо мурд, наҷот меёбад.

Мо имон дорем, ки калисои маҳаллии библиявӣ барои муошират, омӯзиши Каломи Худо, дуои якҷоя ва парастиш, устувор шудан дар имон ва мадад ба якдигар мунтазам якҷоя ҷамъ мешавад.

Мо имон дорем, ки таъмиди обӣ рамзи наҷот ба воситаи имон аст. Ин ба воситаи пурра ба об ғӯта задан ба амал меояд.

Мо имон дорем, ки Шоми Худовандӣ (шикастани нон) рамзи қурбонии фарораткунандаи Исои Масеҳ аст, ки азобҳо ва марги Ӯ,  ва бахшида шудани моро ёдрас мекунад.

Мо имон дорем, ки ҳамаи касоне ки ҳақиқатан имон доранд, ба осмон бурда шуда, дар назди тахти Исои Масеҳ оиди умеди худ ҳисобот хоҳанд дод, ва дар он ҷо мувофиқи амалҳои худ мукофот хоҳанд гирифт.

Мо ба лаънати абадӣ барои беимонон имон дорем , ки аз он бозгашт нест.