Омӯзиш чӣ гуна мегузарад

 

Омӯзиш онлайн мегузарад. Шумо худатон қарор медиҳед, ки дар куҷо ва кай таҳсил мекунед. Усули бароятон қулайи таълимро интихоб кунед. Мо тавсия медиҳем, ки барои ин вақти муайяни мунтазам ва ҷои ором ҷудо кунед.

Онлайн обучение
Барои таҳсил компютер бо дастрасӣ ба интернет ё барномаи мобилии мо барои смартфон даркор аст.

Блоки Чӣ гуна донишҷӯ шудан мумкин аст

 


Муҳим!
Худро дар сайти мо номнавис карда, шумо розӣ мешавед, ки ба маводи мактаб танҳо барои истифодаи шахсӣ дастрасӣ пайдо мекунед. Вайронкунии ҳуқуқи муаллиф боиси ҷазоҳои маъмурӣ, ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ шуда метавонад. Ҳуқуқи истифодаи курсҳои Китоби Муқаддас ба Миссияи Китоби Муқаддас аз ҷониби Институти Китоби Муқаддаси Мудӣ (ИМА) дода шудааст. 



Барои омӯзиш чӣ қадар вақтро ба нақша бояд гирифт

 

Мо тавсия медиҳем, ки дар як ҳафта як дарс омӯзед. Ин имкон медиҳад, ки бо суръати баланд ва бе хасташавӣ пеш равед. Мо донишҷӯро ташвиқ мекунем, ки шитоб накунанд, балки ҳар як дарсро то ҳадди имкон пурратар омӯзанд ва ҳамаи порчаҳои Навиштаҳои Муқаддасро бо диққат аз назар гузаронанд.



Муҳтавои курсҳо

 

Ҳар як курс аз дарсҳо ва имтиҳонҳо иборат аст. Курс аз 6 то 24 дарсро дар бар гирифта метавонад. Шумораи дарсҳо дар тавсифи курс нишон дода шудааст. Ҳар як дарс бо имтиҳон анҷом меёбад. Дастрасӣ ба дарсҳои курс бо тартиби пайдарҳам кушода мешавад. Шумо як дарсро гузашта, имтиҳон месупоред ва баъд ба дарси навбатӣ дастрасӣ пайдо мекунед. 

Ҳангоме боварӣ ҳосил мекунед, ки маводи дарсро хуб аз худ кардаед ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода метавонед, супоридани имтиҳонро сар кунед. Ҳангоми супоридани имтиҳон набояд ба маводи таълимӣ нигоҳ кунед. 

Пас аз иҷрои ҳамаи вазифаҳои имтиҳон, тугмаи  "Ҳамаашро фиристодан ва имтиҳонро анҷом додан" -ро клик кунед. Пас аз ин дар экран натиҷаҳои имтиҳони шумо пайдо мешаванд. Агар имтиҳон вазифаеро ба монанди "Эссе" дар бар гирад, баҳои худро ҳамон вақт мефаҳмед, ки муаллим ҷавоби шуморо баҳо медиҳад. 

Имтиҳон аз намудҳои гуногуни супоришҳо иборат буда метавонад: 

  • Изҳороте ки бояд аз менюи афтанда  "дуруст"  ё  "нодуруст"-ро интихоб намуда, бо онҳо розӣ шавед ё розӣ нашавед. 
  • Саволҳое ки як ё якчанд ҷавобро металабанд, ки бояд аз рӯйхати пешниҳодшуда интихоб кунед. 
  • Супоришҳое ки ёфтани мувофиқати байни ду унсурро металабанд (масалан, ёфтани порча аз Навишта, ки бо матни оят мувофиқат дорад ё муқоиса намудани тасвирҳо). 
  • Матнҳо бо катакчаҳои холӣ, ки дар онҳо бояд калима ё ибораи мувофиқро аз менюи афтанда дохил кунед. 
  • Супоришҳои эҷодӣ (эссеҳо), ки дар онҳо бояд мустақилона ҷавоби кӯтоҳе нависед, ки аз якчанд ҷумла иборат аст. 

Пас аз иҷрои ҳамаи вазифаҳо ва супоридани имтиҳон натиҷаҳои худро фавран дида метавонед, чунки ҳамаи вазифаҳоро, ба ғайр аз эссеҳо, компютер баҳо медиҳад. Баҳои эссе ва шарҳро ба он баъдтар дида метавонед – пас аз он ки муаллим онро хонда, баҳо медиҳад.



Бесплатное изучение Библии — наш принцип

 

Хизматрасонии Мактаби онлайни Китоби Муқаддас хароҷоти зиёдро металабад. Қоидаи таҳсили ройгони Китоби Муқадасро риоя намуда, мо дар айни ҳол аз донишҷӯён хоҳиш мекунем, ки то ҳадди имкон аз ҷиҳати молиявӣ иштирок кунанд.

Ҳар моҳ маблағи муайяни бароятон имконпазирро хайрия кунед. Хайрияҳои хурд, аммо мунтазам ба мо имкон медиҳанд, ки кори минбаъдаи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани сайтро ба нақша гирем.

Ин хизматрасониро дастгирӣ кардан мехоҳам!   

Қоидаҳои платфорами таълимӣ  fa fa-long-arrow-right