Китобҳои Аҳди Ҷадид

 
 

Ҳаёти Исои Масеҳ

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Исои Масеҳ Шахсияти ҳайратовартарин дар таърих аст. Таълимоти ӯ ҳаёти миллионҳо одамонро дигаргун кардаанд. Омӯзиши муфассали ҳаёти Наҷотдиҳанда масеҳиёнро ба шодӣ ва хизмати фидокорона илҳом мебахшад. Агар шумо худро пайрави Масеҳ намеҳисобида бошед, омӯхтани ҳаёти Ӯ шуморо ба қабули қарори муҳим таҳрик медиҳад.

 

Инҷили Юҳанно

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Мақсади навиштани Инҷил дар ин суханон ифода ёфтааст: «Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост, ва имон оварда, ба номи Ӯ ҳаёт ёбед» (Юҳ. 20:31). Ҳавворӣ Юҳанно тарҷумаи ҳоли Масеҳро бо мақсадҳои башоратдиҳӣ ва апологетӣ тартиб додааст. Ин курс ба шумо ёрӣ мерасонад, ки инро бинед ва фаҳмед.

 

Аъмоли ҳаввориён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Китоби Аъмол дар бораи замоне нақл мекунад, ки масеҳият яҳудиятро иваз кард. Баъд аз фуруд омадани Рӯҳулқудс калисо васеъ шуд ва ҷамоатҳои масеҳӣ дар ҳама шаҳрҳои бузурги Империяи Рум вуҷуд доштанд. Ин китоб дар бораи нашъунамо ва инкишофи калисо нақл мекунад ва Инҷилу Номаҳоро ба таври мантиқӣ бо ҳам мепайвандад. Шумо муҳити зиндагии пурҷӯшу хурӯши масеҳиёни асри якумро эҳсос мекунед.

 

Номаи Яъқуб

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Хусусияти хоси нома – дастурҳои амалии равшан ва мухтасар барои ҳаёти ҳаррӯзаи имондор аст. Яъқуб зоҳиршавиҳои "имони қавӣ"-ро тасвир мекунад, ки бо озбоишҳо санҷида мешавад ва бо амалҳо тасдиқ мегардад. Устувории он дар мувофиқати байни суханон ва амалҳо зоҳир мешавад. Ин курс ба шумо дар фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки имони қавӣ аз чӣ иборат аст ва ҳамарӯза чӣ гуна зоҳир мегардад.

 

Номаҳои Петрус

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Дар байни қаҳрамонони Китоби Муқаддас Петрус мақоми махсусро ишғол мекунад. Ӯ бо зоҳиршавии хислатҳои инсонии худ ба мо наздик аст. Пеш аз он ки Масеҳ ба осмон бурда шавад, Петрус ноустуворӣ, пуршӯрӣ, буздилӣ ва носозгорӣ зоҳир менамуд. Аммо ногаҳон ӯ ғайратманд, дилпур, боисрор, бебок ва нотарс шуд. Чаро ӯ дигаргун шуд? Ин курс шуморо бо ин марди бузург ва номаҳои ӯ шинос мекунад.

 

Нома ба Румиён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Нома ба Румиён ҳам як асари амиқ, ҳам як дастури амалӣ барои зиндагии масеҳӣ аст. Он асосҳои имони масеҳиро фаро мегирад ва шарҳи амиқи наҷотро пешниҳод мекунад – аз нақшаи илоҳии наҷот то таъсири он ба ҳаёти ҳаррӯзаи имондор. Ин нома ба масеҳиён таълим медиҳад, ки чӣ гуна бар гуноҳ ғолиб оянд ва дар калисо ва ҷамъият чӣ гуна рафтор кунанд.

 

Номаи якум ба Қӯринтиён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Ин нома ба он гурӯҳи китобҳои Аҳди Ҷадид тааллуқ дорад, ки номаҳои сотериологӣ номида мешаванд (Нома ба Румиён, Номаҳои 1 ва 2 ба Қӯринтиён, Нома ба Ғалотиён), чунки дар онҳо диққати асосӣ асосан ба таълимот дар бораи наҷот (soteria [юнонӣ] – наҷот) равона карда шудааст. Аммо таъкиди асосӣ ба татбиқи амалӣ аст. Ин курс ба шумо дар фаҳмидани қисмҳои таълимотӣ ва амалии нома ёрӣ мерасонад.

 

Нома ба Ғалотиён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Таълимоти сафед карда шудан бо имон маҳз дар нома ба Ғалотиён ба таври мухтасар, равшан ва боварибахш пешниҳод шудааст. Ин нома одилона Хартияи бузурги озодии масеҳӣ номида шудааст. Ин муаррифии мухтасартарин, эҳсосотӣ ва қатъии башоратдиҳии Павлус аст. Ин курс нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳавворӣ кӯшиш мекард ғалотиёнро аз афтидан ба вартаи муртадӣ ҳифз намояд.

 

Нома ба Эфесусиён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Павлус занҷирбанд шуда ба Рум омад, аммо зиндони худро ба минбар табдил дод ва ба ҷаҳон башорат доданро давом дод. Дар давраи зиндонӣ буданаш ӯ Номаҳоро ба Эфесусиён, Қӯлассиён, Филиппиён ва Филемӯн — чор китоби бузургтарини Аҳди Ҷадидро, ки Масеҳро ситоиш мекунанд, навишт. Дар ин курс шумо мефаҳмед, ки Павлус дар номаи худ ба Эфесусиён чиро таълим медод.

 

Нома ба Тасолӯникиён ва Филиппиён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Ҳангоми сафари дуюми миссионерии худ ҳавворӣ Павлус ба Тасолӯникӣ низ, ки дар он ҷо калисо таъсис ёфта буд, рафт. Яҳудиён, ки ба Масеҳ имон надоштанд, мардумро ба шӯриш барангехтанд ва ҳаввориро маҷбур карданд, ки аз шаҳр равад. Аммо Павлус ба калисои Тасолӯникӣ ду нома дар бораи нишонаҳои имони наҷотбахш, принсипҳои хизмат ба Худо ва амалияи зиндагӣ дар интизории Масеҳро навишт.

 

Нома ба Ибриён

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Муаллифи нома ҳақиқатро ошкор мекунад: Масеҳ иҷрошавии ҳамаи ваъдаҳои Аҳди Қадим аст! Ӯ ваҳйи комил ва ниҳоии Худост ва аз ҳамин сабаб Масеҳ аз ҳама чизи беҳтарини яҳудият беҳтар аст. Ин нома дар бораи гуноҳи муртадӣ ба Масеҳ огоҳии сахт медиҳад ва даъват менамояд, ки «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем» (Ибриён 12:2).

 

Китоби Ваҳй

Категория курсаКитобҳои Аҳди Ҷадид

Ваҳй ягона китоби Китоби Муқаддас аст, ки ваъдаи баракатро барои касоне ки навиштаҳои онро меомӯзанд ва риоя мекунанд, дар бар мегирад. Ҳар касе ки сабукфикрона чизеро аз худ ба китоб илова мекунад, аз хашми Худо раҳо нахоҳад шуд. Ҳангоми омӯзиши курс ин китобро бо дуо дар хусуси баракати Худо омӯзед.