Дар хизматрасонии Мактаби онлайни Китоби Муқаддас иштирок кунед

 

Таҳсилоти онлайн дар тамоми ҷаҳон рӯз аз рӯз маъмултар мегардад. Бо вуҷуди дастрасии зоҳирӣ, омӯзиши онлайни босифат захираҳои назаррасро металабад ва ҳақиқатан арзон буда наметавонад. Барои ташкил ва нигоҳдории раванди мукаммали таълимӣ захираҳои гаронбаҳои техникӣ ва инсониро ҷалб кардан лозим аст.

Мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ки таълим дар платформаи Мактаби онлайни Китоби Муқаддас  барои ҳама дастрас бошад. Аммо, нигаҳдорӣ ва инкишоф додани платформаи таълимӣ хароҷоти доимиро металабад: иҷора ва нигаҳдории серверҳо, таъмини бехатарии онлайн, кори мутахассисони IT, тарҷумонҳо, методистҳо, ҳуқуқшиносон, муҳаррирон ва мусаҳҳеҳон.

Мо сарпарастони калони доимӣ надорем, аммо принсипи омӯзиши ройгони Китоби Муқаддасро риоя мекунем. Моҳиятан, ҳар моҳ барои мо як қадами имон ва умед аст.

Дӯстон, агар шумо аз платформаи таълимии мо истифода баред ва бо мо ҳамфикр бошед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас муҳим ва зарур аст, мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки дар хусуси хайрияи мунтазам андеша кунед, на танҳо хайрияи яккарата. Шумо ҳангоми интиқол пардохти автоматии ҳармоҳаро дар онлайн-бонки худ ба осонӣ танзим карда метавонед.

Агар шумо хоҳед, ки хизмати моро дастгирӣ кунед, бо мо дар тамос бошед dushanbe@biblemissions.org.