Дастур оиди омузиши китоби Ҳастӣ
© Uschi Dreiucker / pixelio.de
Категорияи курс: Китобҳои Аҳди Қадим.
Ҳаҷми курс: 24 дарс ва 24 тест.
Давомнокии курс: 24 ҳафта.
Мураккабии курс: Миёна.
Дар ин курс шумо шарҳи мухтасари китоби аввалини Китоби Муқаддасро меёбед, ки дар бораи ибтидои ҳама чиз сухан мегӯяд. Шумо дар бораи офариниш, дар бораи одам, ки ба сурати Худо офарида шудааст, маълумот мегиред. Китоби Ҳастӣ дар бораи фоҷиаи гуноҳкоршавӣ, оқибатҳои он ва огоҳии ҷиддӣ барои ҳамаи одамон нақл мекунад. Курс шарҳи мухтасари ҳикояҳо ва қаҳрамонҳои асосии китобро медиҳад: Қобил ва Ҳобил, Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Юсуф. Ҳамчунин дар он дар бораи аҳамияти амалии ин ҳикояҳо барои ҳаёти масеҳӣ гуфта мешавад.
Донистан ва фаҳмидани ҳаёт бе донистани ибтидои он ва қонунҳое ки Худо ҳангоми офариниши он муқаррар кардааст, ғайриимкон аст. Китоби Ҳастӣ ба саволҳои асосии ҳар як шахс ҷавоб медиҳад: Ман кистам? Ҳама чиз аз куҷо пайдо шудааст? Маънои ҳаёт чист? Чаро бадӣ вуҷуд дорад?
Омӯзиши китоби Ҳастӣ барои дарк кардани табиати инсон ва саволҳои калидии он ёрӣ мерасонад: озодии интихоб, масъулият, оқибатҳои қарорҳо. Ғайр аз ин, китоби Ҳастӣ ҳамчунин ибтидои таърихи халқи Худо, ҳамаи масеҳиёнро нишон медиҳад.
Масеҳиёни навимон таърихи оилаи васеи Худоро, ки ба он ҳамроҳ шудаанд, омӯзанд ва аз ин таърих дарсҳои амалӣ гиранд.
Ба масеҳиёни собиқадор ин курс ёрӣ мерасонад, ки амалияи зиндагии имондорона ва пайравӣ ба Худовандро амиқтар омӯзанд ва таҷрибаҳои қаҳрамонони Китоби Муқаддасро истифода баранд.
Барои касоне ки ба масеҳият таваҷҷуҳ доранд, ин курс ҳақиқатро дар бораи пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин ошкор мекунад. Он ба шумо дар фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки қонунҳои табиӣ ва рӯҳонии ҷаҳон, некӣ ва бадӣ аз куҷо пайдо шудаанд, ва чаро онҳо пайдо шудаанд.