Таванди таълим
Қоидаҳои мактаб
Донишҷӯён бояд:
- қоидаҳои додашудаи мактабро риоя намоянд;
- нуқтаи назар ва ақидаҳои донишҷӯёни дигарро эҳтиром намоянд;
- дар байни атрофиён ба Масеҳ тақлид намуда, рафтор намоянд;
- дар давоми се моҳ курси додашударо ба анҷом расонанд.
Донишҷӯён набояд:
- дар форум, дар чат ё ҳангоми муоширати шахсӣ бо дигар иштирокчиёни курс изҳороти таҳқиромез ё дағалонаро истифода баранд;
- ҳуқуқи муаллифиро вайрон кунанд, маводи курсҳоро ғайриқонунӣ паҳн кунанд ё дигаргун намоянд;
Вобаста ба навъи вайронкунии ин қоидаҳо ба донишҷӯ огоҳӣ дода мешавад ё ки ӯ аз мактаб хориҷ карда мешавад.
Агар донишҷӯ дар давоми 60 рӯз фаъолият нишон надиҳад, ба таври автоматӣ аз курс хориҷ карда мешавад.