Таванди таълим

Донишҷӯёни азиз!
Шуморо бо муҳаббати Худовандамон Исои Масеҳ шодбош мегӯям!
Аз номи Донишкадаи библиявии Мудӣ мехоҳам шуморо бо ибтидои омӯзиш дар Мактаби Интернетии Китоби Муқаддас табрик гӯям.
Донишкадаи библиявии Мудӣ бо хизматгузорӣ ба Исои Масеҳ, бо масъулиятшиносӣ дар назди Калисои Ӯ ва бо ёрие ки ба одамон дар омӯзиши Китоби Муқаддас мерасонад, маълум ва машҳур аст.
Мо махсусан аз ҳамкорӣ бо Миссияи Китоби Муқаддас, ки дар назди худ ҳамин гуна вазифаро мегузорад, шод ҳастем. Мо ният дорем шуморо, ки оиди Худо ба воситаи Каломи Ӯ дониши амиқ пайдо намудан мехоҳед, дар якҷоягӣ дастгирӣ намоем.
Кушода шудани ин курсҳо ба шарофати дуоҳои бисёр касон, ва на танҳо ҳамкорони мо, балки ҳамчунин касоне ки ин хизматгузориро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамоянд, имконпазир гардиданд. Ва мо умедворем, ки омӯзиш ба шумо баракати бисёр хоҳад овард.
Бо муҳаббат дар Масеҳ
Ҷозеф М.Стоуэл,
Президенти Донишкадаи библиявии Мудӣ

Донишҷӯёни азиз!
Омӯхтани китоби нотакрор – Библия – имтиёзи махсус аст. Нотакрор – барои он ки Худо дар он хости Худ ва нақшаи Худро нисбати инсон ошкор менамояд. Имтиёз – барои он ки чунин имкониятро на ҳама доранд. Шумо омӯхтанро ихтиёр намуда, интихоби дуруст намудед. Ҳамаи кормандони Миссияи Китоби Муқаддас дуо мегӯянд, ки шумо ба омӯзиши Каломи Худо ғӯтавар шуда, дар маърифати Худо, дар фурӯтанӣ ва хоҳиши ба дигарон расондани Хушхабар нашъунамо ёбед.
Мехоҳам ба Донишкадаи библиявии Мудӣ дар Чикаго барои пешкаш намудани маводи таълимӣ миннатдорӣ баён намоям. Ҳамчунин мехоҳам ба ҳамаи онҳое ки барои ба шумо дастрас шудани ин маводи таълим кӯшишҳо намудаанд, сипосгузории худро изҳор намоям.
Бигузор Худо шуморо дар омӯзиши Каломи Ӯ баракат диҳад.

Бо таманниёти самимӣ

Павел Гагельганс


© by The Moody Bible Institute of Chicago
© нашри русӣ: Миссияи Китоби Муқаддас
© Bibel-Mission e.V. / SEV fur die russiche Ausgabe
© Bibel-Mission e.V., Postfach 1130, 63842 Niedernberg, Germany