Таванди таълим
Иҷрои имтиҳонҳо
Дар ҳар як дарс, пас аз маводи матнӣ, имтиҳонҳо ҷойгир када шудаанд, ки онҳоро иҷро кардан лозим аст.
Муҳим аст! Боварӣ ҳосил намоед, ки маводи дарсро медонед ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода метавонед, ва танҳо пас аз он ба иҷрои имтиҳон сар кунед. Ҳангоми иҷрои имтиҳон Шумо набояд ба маводи таълимӣ нигоҳ кунед.
Ҳамаи супоришҳои имтиҳонро иҷро карда, "Фиристодани ҳама чиз ва тамом кардани матн"-ро зер кунед. Пас аз ин дар экрани наздатон натиҷаҳои имтиҳони шумо пайдо мешаванд. Агар имтиҳон "Эссе" барин супориш дошта бошад, баҳои онро он гоҳ мефаҳмед, ки дастурдиҳанда ҷавоби шуморо баҳо медиҳад.
Имтиҳон аз якчанд қисмҳо иборат буда метавонад:
Қисми якум изҳоротеро дар бар мегирад, ки бо онҳо бояд ё розӣ шавед, ё розӣ нашавед – барои ин бояд дар менюи пайдошаванда "дуруст" ё "нодуруст"-ро интихоб намоед.
Қисми дуюм аз саволҳое иборат аст, ки як ё якчанд ҷавобро дар назар доранд, ки аз рӯйхати пешкашгардида интихоб кардан лозим аст.
Қисми сеюм саволҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо мувофиқатро байни ду сутун ёфтан лозим аст (масалан, ёфтани он ки матни оят дар куҷои Навиштаи Муқаддас ҷойгир аст).
Қисми чорум матнро бо равзанаҳои холӣ дар бар мегирад, ки дар онҳо калима ё ибораи мувофиқро аз менюи пайдошаванда ҷойгир кардан лозим аст.
Қисми панҷум супориши эҷодиро (эссе) дар бар гирифта метавонад, ки дар он шумо бояд мустақилона ҷавоби мухтасари иборат аз якчанд ҷумларо нависед.
Тамоми супоришро иҷро карда ва имтиҳонро фиристода, шумо метавонед дарҳол натиҷаи онро бинед, зеро ҳамаи супоришҳоро, ғайр аз эссе, компютер баҳо медиҳад. Баҳо ба тафсири эссеро шумо дертар, ҳангоме ки дастурдиҳандаатон онро хонда, баҳо медиҳад, дида метавонед.