• Шуморо дар платформаи таълимии Миссияи Китоби Муқаддас шодбош мегӯем

      Мактаби онлайни Китоби Муқаддас

       

      Дар ин ҷо шумо зиёда аз 20 курси омӯзиши онлайни Китоби Муқаддасро меёбед. Дар ин китоб Худо ба одамон ваҳйи беназиреро дар бораи Худ, одам ва ҷаҳоне ки мо дар он зиндагӣ мекунем, додааст. Мо ба шумо дар шиносоӣ бо Худо ва Каломи Ӯ ёрӣ мерасонем.



       Курсҳои мо фоиданок хоҳанд буд:

    • БАРОИ КАСОНЕ КИ ХУДОРО МЕҶӮЯНД
      имкон медиҳанд, ки мавзӯъҳои асосии таълимот ва амалияи масеҳиро омӯзанд. Худо Шахсияти Зинда аст, ва шиносоӣ бо Ӯ воқеаи муҳимтарин дар ҳаёти инсон аст!

      БА НАВИМОНОН
      имонро гузоранд: асосҳои Навиштаи Муқаддас ва амалияи татбиқи Каломи Худоро омӯзанд, рӯҳан нашъунамо кунанд ва дар хизмат самар оваранд.

      БА МАСЕҲИЁНИ "СОБИҚАДОР"
      ба амиқтар кардани дониш дар мавзӯъҳои конкретӣ, пур кардани холигӣ дар фаҳмидани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас, ба тартиб даровардани донишҳои гуногун дар бораи Китоби Муқаддас ва баланд бардоштани самаранокии хизмат мусоидат мекунанд.

       БА ШУБОНҲО ВА САРВАРОНИ ГУРӮҲҲО
      барои ташкили омӯзиши аз ҷиҳати таълимотӣ асоснок, ҳамаҷониба ва систематикӣ барои аъзоёни калисо ёрӣ мерасонад. Ин вақт, қувва ва дигар захираҳои шубонро сарфа мекунад. Тафсилот дар саҳифаи «Барои сарварон» оварда шудаанд.

    • Ба мо шарик шавед!

      Омӯзиш дар платформаи мо:

      Омӯзиш барои ҷавонон ва калонсолон, одамони серҳаракат ва онҳое ки ҳаракаташон маҳдуд аст, онҳое ки ҷадвали кории фишурда доранд, модароне ки дар рухсатии ҳомиладорӣ ҳастанд ва нафақахӯрон дастрасанд. Ба шарофати платформаи онлайн шумо дар макони мувофиқ, бо суръати бароҳат ва дар шакли оддӣ таҳсил карда метавонед.
      Курсҳоро омӯзгорон ва методистҳои соҳибихтисос тартиб додаанд. Шумо маълумоти назариявиро ба осонӣ аз худ мекунед ва татбиқи амалии онро пурра мефаҳмед.
      Курсҳо бар таҳкурсии мустаҳками Китоби Муқаддас асос ёфтаанд. Танҳо Каломи Худо барои овардани самаре ки ба Худованд писанд аст, замина фароҳам оварда метавонад. Шумо ба покии таълимот ва самаранокии он дилпур хоҳед буд. Асоси таълимотии курсҳо дар саҳифаи «Мо бовар мекунем» ҷойгир аст.
      Шумо ройгон таҳсил карда метавонед! Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то ки омӯзиши Китоби Муқаддас барои ҳар шахси хоҳишманд дастрас бошад. Аммо, албатта, хизматрасонии Мактаби онлайни Китоби Муқаддас хароҷоти зиёдро металабад. Ҳамроҳи мо дар ин хизмат иштирок намоед! Дарёфти маълумоти бештар…

    •  

       

      Тарзи омӯзиш дар платформаи мо чӣ гуна аст?

      lnr lnr-enter

      1. Бо тавсиф шинос шавед

      Тамоми маълумоти дар саҳифаи асосии сайт додашударо хонед.

      2. Аз қайд гузаред ва дароед

      Аз қайд гузаред ва бо логин ва пароли худ дароед.и

      lnr lnr-select

      3. Худро ба курсе ки интихоб кардаед, номнавис кунед

      Забони омӯзиш ва курсро интихоб намоед, худро ба курс номнавис кунед ва омӯзишро сар кунед!

      lnr lnr-thumbs-up

      4. Барномаи мобилии моро боргирӣ кунед

      -ро дар мағозаи дастгоҳи худ ёфта, ҷойгир намоед ва дар ҷои дилхоҳ таҳсил намоед!

       

    • Оё боз саволҳо доред?

      Ҷавобҳоро ба саволҳое ки бисёр вақт пурсида мешаванд, хонед

      Омӯзиш дар формати онлайн мегузарад (алоқаи интернетӣ зарур аст). Ҳама гуна дастгоҳ қобили истифода аст: смартфон, планшет, компютер. Шумо худатоб ба нақша мегиред, ки дар куҷо ва кай таҳсил мекунед. Ҳамаи тафсилоти раванди омӯзишро дар саҳифаи «Омӯзиш чӣ гуна мегузарад»пайдо мекунед.

      1. Дар сайт аз қайд гузаред.
      2. Профили худро пур кунед.
      3. 3. Хонед, ки омӯзиш чӣ гуна мегузарад, ба шумо чиҳо даркор мешаванд ва омӯзиш дар саҳифаи «Омӯзиш чӣ гуна мегузарад»чанд муддат давом мекунад.
      4. Дар саҳифаи «Курсҳо»курсро интихоб намоед. Худро ба курс номнавис кунед ва омӯзишро сар кунед!

      Платформаи омӯзишии МКМ – дар ободу бунёд намудани калисо ёрдамчии самараноки шубон аст.

      Дар Каломи Худо ва хизмати якҷоя ободу бунёд намудани калисо, нашъунамои аъзоёни калисо «ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ» – вазифаи асосии шубонон, устодон, муаллимон аст. Миссияи Китоби Муқаддас асбобҳои қулай ва самаранокро барои ташкили омӯзиш мувофиқи талаботи калисои шумо пешниҳод менамояд. Шумо метавонед:

      • ёрӣ расондан ба сарвари ҷавонон дар ташкили омӯзиши сифатнок ва амалии Китоби Муқаддас;
      • таълим додан ба калисо дар шаҳри ҳамсоя, ки ба он ҷо зуд-зуд рафта наметавонед;
      • мавзӯъҳои гуногунро фаро гирифтан ва ба калисо ба таври системанок таълим додани «тамоми хости Худо», ки пештар барои ин на вақт мерасид ва на имконият;
      • ба аъзоёни калисо додани имконияти омӯзиш дар байни ҳафта, на танҳо дар рӯзҳои якшанбе;
      • таълим додан ба маъюбон, ки ба ҷамъомад омада наметавонанд ва дар хона мебошанд;
      • дар калисо дар як вақт ташкил намудани омӯзиш бо дараҷаҳои гуногуни муракабӣ.

      1. «Дастур барои сарвар»-и гурӯҳи калисоиро хонед;
      2. Курсро интихоб намуда, худатон онро омӯзед;;
      3. Дастуруламалро оид ба ташкил намудани гурӯҳ гиред ва таълимро сар кунед!

    •  

      Забони омӯзишро интихоб намоед:

      РУССКИЙ

      Перейти...

      УКРАЇНСЬКА

      Перейти...

      ROMÂNĂ

      Merge...

      DEUTSCH

      Gehen...

      тоҷикӣ́

      Рафтан...

      кыргызча

      Кет...

      turkmen

      Gitmek...

      қазақша

      Бару...

      o'zbekcha

      Ket...