Қадамҳои аввалин дар имони масеҳӣ
© Sabrina Gonstalla / pixelio.de
Категорияи курс: асосҳои имон.
Ҳаҷми курс: 12 дарс ва 12 имтиҳон.
Давомнокии курс: 12 ҳафта.
Мураккабии курс: ибтидоӣ.
Ин курс шарҳ медиҳад, ки чаро ҳар як инсон Худоро меҷӯяд, ҳарчанд ҳатто инро дарк намекунад. Худо кист ва Ӯ чӣ гуна аст ва оё бо Ӯ муошират кардан имконпазир аст? Шумо дар бораи Исои Масеҳ ва нақшаи наҷоти Худо маълумот мегиред. Чаро одамон ба наҷот эҳтиёҷ доранд ва чаро Масеҳ ба ин ҷаҳон омад? Шумо ҳамчунин мефаҳмед, ки ҳаёти ҳақиқии масеҳӣ чист ва чӣ гуна маҳз шумо чунин ҳаётро сар карда метавонед. Ин курс пеш аз ҳама барои касонест, ки Худоро меҷӯянд ва дар бораи масеҳият маълумоти бештар гирифтан мехоҳанд.
Ин курс дар бораи нақшаи наҷоти Худо аз офариниши ҷаҳон то охирзамон фаҳмиши муназзам медиҳад. Он амалияи муносибатҳои зинда бо Худоро нишон медиҳад, на ҳаёти дилгиркунанда аз рӯи қоидаҳои динӣ. Он ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки аз ибтидои ҳаёти нав то анҷоми пирӯзмандонааш чӣ гуна ҳаёти масеҳиро ба сар бояд бурд, чӣ гуна бояд мушкилот, васвасаҳоро паси сар кард ва гуноҳро мағлуб намуд.
Масеҳиёни навимон дар ҳақиқатҳои барояшон шинос устувор шаванд, робитаи байниҳамдигарии онҳоро амиқтар дарк намоянд ва норасоиҳои эҳтимолиро дар амалияи ҳаёти масеҳӣ ислоҳ кунанд.
Ба масеҳиёни собиқадор ин курс ёрӣ мерасонад, ки шаҳодати худро ба беимонон равшантар ва муназзамтар гардонанд ва онҳоро барои ҷавоб додан ба саволҳо дар бораи Худо, Масеҳ, наҷот, калисо ва хусусиятҳои ҳаёти масеҳӣ тайёр кунанд.
Ба касоне ки ба масеҳият таваҷҷуҳ доранд, ин курс дар ҷустуҷӯи Худо ба самти дуруст роҳнамоӣ мекунад. Он ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳад: чаро сарфи назар кардани Худо ва Каломи Ӯ хатарнок аст, чаро мо набояд ақидаҳои бардурӯғро дар бораи Худо ва наҷот пайравӣ кунем, чӣ гуна бояд бо Худо муносибат барқарор кунем ва чаро калисо дар роҳи ҷустуҷӯ ва нашъунамои рӯҳонӣ ин қадар муҳим аст.
Ҳаёти Исои Масеҳ
© bibleplaces.com
Категорияи курс: Китобҳои Аҳди Ҷадид.
Ҳаҷми курс: 12 дарс ва 12 тест.
Давомнокии курс: 12 ҳафта.
Мураккабии курс: Миёна.
Ин курс шарҳи мухтасари ҳаёт ва хизмати Исои Масеҳро пешниҳод мекунад, ки давраҳои тайёрӣ дидан, яҳудиявӣ, ҷалилӣ ва переягиро дар бар мегирад. Дар бораи Ҳафтаи азобҳои Масеҳ муфассал нақл мекунад, ва низ заминаи фарҳангиву таърихии ин воқеаҳоро таҳлил мекунад. Ин курс барои масеҳиёни навимон, масеҳиёни ботаҷриба ва касоне ки нав дар бораи таълимоти масеҳӣ омӯхта истодаанд, мувофиқ аст.
Ин курс имконият медиҳад, ки ҳаёт ва кори Исои Масеҳро бо тартиби хронологӣ омӯзед ва дар бораи заминаи таърихӣ ва фарҳангии он замон маълумот гиред. Ин ба шумо ёрӣ мерасонад, ки ҷиҳатҳои асосии таълимоти Масеҳ ва аҳамияти омадани Ӯ ба ҷаҳонро беҳтар дарк кунед.
Масеҳиёни навимон ҳар чор Инҷилро дар маҷмӯъ омӯзанд, пайдарпайии хронологии рӯйдодҳоро дар ҳаёти Исои Масеҳ фаҳманд ва маънои ҳақиқии онҳоро фаҳманд.
Барои масеҳиёни собиқадор ин курс ёрӣ мерасонад, ки дар бораи заминаи таърихӣ ва фарҳангии замони Исои Масеҳ маълумоти бештар гиранд ва аҳамияти ба ин ҷаҳон омадани Масеҳро беҳтар фаҳманд.
Барои касоне ки ба масеҳият таваҷҷуҳ доранд, ин курс бо Шахсияти бузургтарин шинос мекунад, ки ҳаёт ва таълимоти Ӯ на танҳо таърихи халқҳо, инкишофи тамаддун, фарҳанг ва ҷаҳонбиниии одамон, балки сарнавишт, ҳаёт ва ҷонҳои онҳоро низ дигаргун кардааст.
Дастур оиди омузиши китоби Ҳастӣ
© Uschi Dreiucker / pixelio.de
Категорияи курс: Китобҳои Аҳди Қадим.
Ҳаҷми курс: 24 дарс ва 24 тест.
Давомнокии курс: 24 ҳафта.
Мураккабии курс: Миёна.
Дар ин курс шумо шарҳи мухтасари китоби аввалини Китоби Муқаддасро меёбед, ки дар бораи ибтидои ҳама чиз сухан мегӯяд. Шумо дар бораи офариниш, дар бораи одам, ки ба сурати Худо офарида шудааст, маълумот мегиред. Китоби Ҳастӣ дар бораи фоҷиаи гуноҳкоршавӣ, оқибатҳои он ва огоҳии ҷиддӣ барои ҳамаи одамон нақл мекунад. Курс шарҳи мухтасари ҳикояҳо ва қаҳрамонҳои асосии китобро медиҳад: Қобил ва Ҳобил, Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Юсуф. Ҳамчунин дар он дар бораи аҳамияти амалии ин ҳикояҳо барои ҳаёти масеҳӣ гуфта мешавад.
Донистан ва фаҳмидани ҳаёт бе донистани ибтидои он ва қонунҳое ки Худо ҳангоми офариниши он муқаррар кардааст, ғайриимкон аст. Китоби Ҳастӣ ба саволҳои асосии ҳар як шахс ҷавоб медиҳад: Ман кистам? Ҳама чиз аз куҷо пайдо шудааст? Маънои ҳаёт чист? Чаро бадӣ вуҷуд дорад?
Омӯзиши китоби Ҳастӣ барои дарк кардани табиати инсон ва саволҳои калидии он ёрӣ мерасонад: озодии интихоб, масъулият, оқибатҳои қарорҳо. Ғайр аз ин, китоби Ҳастӣ ҳамчунин ибтидои таърихи халқи Худо, ҳамаи масеҳиёнро нишон медиҳад.
Масеҳиёни навимон таърихи оилаи васеи Худоро, ки ба он ҳамроҳ шудаанд, омӯзанд ва аз ин таърих дарсҳои амалӣ гиранд.
Ба масеҳиёни собиқадор ин курс ёрӣ мерасонад, ки амалияи зиндагии имондорона ва пайравӣ ба Худовандро амиқтар омӯзанд ва таҷрибаҳои қаҳрамонони Китоби Муқаддасро истифода баранд.
Барои касоне ки ба масеҳият таваҷҷуҳ доранд, ин курс ҳақиқатро дар бораи пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин ошкор мекунад. Он ба шумо дар фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки қонунҳои табиӣ ва рӯҳонии ҷаҳон, некӣ ва бадӣ аз куҷо пайдо шудаанд, ва чаро онҳо пайдо шудаанд.
Дастур оиди омузиши инҷили Юҳанно
Категорияи курс: Китобҳои Аҳди Ҷадид.
Объем курса: 24 урока и 24 экзамена.
Давомнокии курс: 24 дарс ва 24 имтиҳон.
Мураккабии курс: Миёна.
Инҷили Юҳанно аз се Инҷили дигар фарқ дорад. Ҳавворӣ онро дар синни ботаҷриа ва болиғ шудан навишта, на танҳо тавсифи рӯйдодҳо ва таълимоти Масеҳ, балки фаҳмиши илоҳиётӣ низ пешниҳод кардааст. Аз ҳамин сабаб ӯ мақсади кори худро бо ин суханон ба таври возеҳ баён кардааст: " Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба номи Ӯ ҳаёт ёбед" (Юҳ. 20:31).
Инҷил ҳам барои беимонон навишта шудааст, то имон оваранд, ҳам барои имондорон, то бо имон зиндагӣ кунанд. Ин курс ёрӣ мерасонад, ки бинед, ки ҳавворӣ ба воситаи ҳикоя дар бораи ҳаёт ва таълимоти Исои Масеҳ ба ин мақсадҳо чӣ гуна ноил мегардад.
Масеҳиёни навимон мефаҳманд, ки ба Исои Масеҳ имон доштан чӣ маъно дорад. Юҳанно дар Инҷили худ на исми "имон", балки феъли "имон доштан"-ро истифода мебарад, ки маънои ҳар лаҳза дар ҳолати имон буданро дорад. Шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр дар ҳаёти ҳаррӯза дар имон бошед ва Худо барои дастгирии шумо дар ин ҳолат кадом воситаҳоро истифода мебарад.
Ба масеҳиёни собиқадор ин курс ёрӣ мерасонад, ки амалияи суҳбат бо шахси наҷотнаёфтаро амиқтар фаҳманд. Ҳамчунин ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки бубинанд, ки имон на танҳо масъалаи ақл ва эҳсосот, балки масъалаи ирода аст, ки қарорҳо ва интихобҳоро қабул мекунад. Шумо метавонед ҳаёти худро дар партави ҳақиқатҳои Инҷил таҳлил кунед.
Барои касоне ки ба масеҳият таваҷҷуҳ доранд, ин курс нишон медиҳад, ки на имони зеҳнӣ ё ҳаёти динӣ, балки таваллуди нав шахсро масеҳӣ мегардонад. Шумо мефаҳмед, ки дили дигаргуншуда чист ва чӣ гуна аз олами боло таваллуд шудан мумкин аст. Шумо ҳамчунин баъзе аз сабабҳои беимонии инсонро ошкор мекунед.