Ин курс ҳам барои касоне мебошад, ки дар имони масеҳӣ қадамҳои аввалин мегузоранд, ҳам барои касоне ки аллакай Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф намудаанд. Дар он қоидаҳои асосии имони масеҳӣ аз назар гузаронда шуда, маслиҳатҳои амалӣ дода мешаванд, ки чӣ тавр аз пайи Масеҳ рафтан даркор аст. Мо ба ҳама маслиҳат медиҳем, ки омӯзишро маҳз аз ҳамин курс сар кунед.

Исои Масеҳ Шахсияти ҳайратовар дар таърих аст. Таълимоти Ӯ ҳаёти миллионҳо одамонро дигаргун намудааст. Агар шумо масеҳӣ бошед, омӯзиши муфассали ҳаёти Наҷотдиҳанда метавонад шуморо ба хизмати боз ҳам фидокоронатар рӯҳбаланд намояд. Агар шумо худро ба пайравони Масеҳ мансуб наҳисобед, пас, шояд, шиносоӣ бо ҳаёти Ӯ шуморо барои қабули қарори муҳим ҳидоят менамояд.

Китоби Ҳастӣ – нақли олидараҷа оиди пайдоиши олам ва инсон, гуноҳи аввалин ва таъсири харобиовари он ба олам аст. Дар ин китоб бори аввал нақшаи илоҳии наҷот зикр мешавад. Муаллифи китоб, Мусо, имонро ба Худои Ягона – Офаридгори Олам эълон мекунад. Мавҷудияти Худо дар Китоби Муқаддас ҳамчун факте қабул карда шудааст, ки исбот наметалабад. Ҳамаи амалҳои Ӯ муқаддас ва аз рӯи адолат аст, ва низ Ӯ ба аҳд вафодор ва ба инсони гуноҳкор раҳмдил аст. Омӯзиши китоби якуми Китоби Муқаддас ба шумо баракатҳои зиёди рӯҳонӣ оварда метавонад, метавонад шуморо дар қадамгузориятон пеши рӯи Худо рӯҳбаланд намояд ва дастгирӣ кунад.

Мақсади Навиштани Инҷили Юҳанно дар суханони зерин хеле аниқ ифода ёфтааст: " Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исои Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед " (Юҳ. 20:31). Ҳамин тариқ мо мебинем, ки ҳавворӣ Юҳанно, ҳам бо мақсади башоратдиҳӣ ва ҳам бо мақсади апологетӣ зиндагиномаи Масеҳро тартиб дод.